Қурби асъор

2018-01-24


  • Харид
    • 8.8100
    • 10.7300
    • 0.1550
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.7900
    • 0.1565
  • БМТ
    • 8.8250
    • 10.8053
    • 0.1560
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8240
    • TJS
30.05.2016

Саҳмдори муҳтарам!


Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи "Агроинвестбонк"

Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21


Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», бо ташаббуси Шӯрои нозиронии Бонк Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» даъват карда мешавад. Маҷлис дар шакли ҷамъомади муштараки саҳмдорон (ҷаласа) баргузор мегардад.


Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» 29 июни соли 2016 баргузор мегардад.


Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» соати 10:00 оғоз мешавад.


Макони гузаронида шудани ҷаласа дар суроғаи: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 21.


Бақайдгирии иштирокчиёни ҷаласа рӯзи 29 июни соли 2016, аз соати 8 00 дар ҷойи гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳомон оғоз мегардад.


Рӯйхати иштирокчиёни ҷаласа ба давраи 30 майи соли 2016 тартиб дода шудааст.


Рӯзномаи Маҷлиси умуми солонаи саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» аз масъалаҳои зерин иборат аст:


1.Дар бораи тасдиқ намудани Ҳисоботи солона, ҳисоботи муттаҳидаи молиявии солонаи ҶСК «Агроинвестбонк», ҳисоботи аудитори мустақил барои соли молиявии 2015, тақсимоти фоида ва пӯшонидани зарарҳои ҶСК «Агроинвестбонк» аз рӯи натиҷахои молиявии соли 2015.


2.Тасдиқи аудитори мустақили Бонк барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Бонк барои соли молиявии 2016 ва маблағи подошпулии он.


3.Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Агроинвестбонк».


4.Пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои ҳамаи аъзоёни Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».


5.Интихоби ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк».


Барои аз қайд гузаштани иштирокчиёни ҷаласа, саҳомон бо худ бояд Шиноснома дошта бошанд, намояндагони саҳомон бошад, инчунин бо худ бояд боваринома дошта бошанд.


Саҳомоне, ки дар Маҷлиси умумии солонаи саҳомони ҶСК «Агоринвестбонк» ҳуқуқи иштирок кардан доранд, бо маводи пешниҳодгардида метавонанд, саркарда аз 30 майи соли 2016 аз соати 10.00 то 16.00 ба суроғаи: ш.Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 21, утоқи 218, тел.(992 37) 2338137 муроҷиат намоянд.


Барои гирифтани тавзеҳот оид ба тартиби бақайдгирӣ ва гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳомон ва инчунин дар сурати вайрон шудани тартиби бақайдгирӣ саҳмдор ё намояндаи ӯ метавонад ба Котиби корпоративии Бонк Исмоилова М.Н. бо суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 734018, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, телефон (992 37) 233 81 37; E-mail: mismoilova@agroinvestbank.tj муроҷиат намояд.


Варақаҳои пуркардашудаи овоздиҳии саҳомони Бонк ба таври хаттӣ ба суроғаи: ш. Душанбе, 734018, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 21, метавонанд на дертар аз 28 июни соли 2016 фиристода шаванд.


Шӯрои нозирони ҶСК «Агроинвестбонк»


Возврат к списку


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал