Қурби асъор

2018-01-24


  • Харид
    • 8.8100
    • 10.7300
    • 0.1550
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.7900
    • 0.1565
  • БМТ
    • 8.8250
    • 10.8053
    • 0.1560
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8240
    • TJS
28.06.2016

Ҷашнгирии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк»


     Санаи 24 июни соли 2016 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» чорабинии тантанавии аҳли кормандон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

     Чорабинии тантанавиро муовини Раиси Бонк Давлатов Ғоиб Ашӯрович ифтитоҳ намуда, кормандони Бонкро ба муносибати 19-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик кард. Ӯ дар баромади худ аз ҷумла аҳамияти таърихии ин санаи фаромӯшнашавандаро таъкид карда, оид ба нақши таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ризояти миллӣ дар саросари кишвар, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва рушду гулгулшукуфоии минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд намуд. «Дар таърихи халқи тоҷик санаи 27 июни соли 1997, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, бо иштироки намояндагони кишварҳои миёнарави барқароркунии сулҳи тоҷикон ба имзо расид, бо хатҳои заррин навишта шудааст», - қайд намуд Давлатов Ғ. А.

     Дар чорабинии тантанавӣ инчунин кормандони Бонк Ғафуров Таҳриб, Давлатов Эмомалӣ ва Набиева Гулҷамол бо маъруза ва қироати шеърҳо баромад карданд, ки аз ҷониби ҳозирин бо таассуроти бузург пазируфта шуд.

     Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк» бо руҳияи баланди идона ва ифтихори ватанпарастона ҷашн гирифта шуд, ки он дар хотираи кормандони Бонк ҳамеша боқӣ хоҳад монд.


Маркази матбуот


Возврат к списку


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал