Қурби асъор

2018-01-19


  • Харид
    • 8.8100
    • 10.7200
    • 0.1550
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.7800
    • 0.1565
  • БМТ
    • 8.8213
    • 10.8052
    • 0.1557
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8213
    • TJS
19.07.2016

Корманди ҶСК «Агроинвестбонк» соҳиби Ҷоми ғолибият гашт

  28-июни соли 2016, мутахассиси дараҷаи олии Мудирияти махсусгардонидашудаи қарзҳои мушкилситон Эраҷ Холов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаи касбии омехтаи тан ба тан дар шаҳри Нанкини Ҷумҳурии Халқии Хитой иштирок намуда, соҳиби Ҷоми ғолибият шуд. Муҳорибаи Эраҷ Холов бо паҳлавони доғистонӣ Иброҳим Халилов сурат гирифт. 

     Зимни мусоҳиба бо Эраҷ Холов маълум гашт, ки ҳарифи ӯ дар Россия яке аз паҳлавонони маъруф, хусусан дар намуди муҳорибаи касбии омехтаи тан ба тан маҳсуб ёфта, дар ҶХХ низ мақому нуфузи баландеро дорост. Эраҷ мегӯяд, ки И. Халилов то ба ҳол ба ягон ҳарифи худ бозиро набохта буд ва хитойиҳо ин навбат низ ғалабаи ӯро интизор буданд. 

    Соли 2014 Эраҷ Холов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Грознийи Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия ширкати варзида, соҳиби Ҷоизаи «Гран При Беркут» гашта буд. Э. Холов самараи муваффақиятҳои худро дар тамрину заҳматҳои паёпай, маслиҳату тадрисҳои мураббиҳои худ ва инчунин дастгирии бевоситаи роҳбарият ва кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» медонад. 

    Барои ман хеле муҳим аст, - мегўяд Э. Холов, ки тавонистам дар баланд бардоштани обрӯи нуфузи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошам. Ҳанӯз муҳорибаҳои дигар дар пешанд, кӯшиш мекунам, ки дар онҳо муваффақ бошам ва бо ин парчами Ватани азизамро дар пояҳои баланд бардорам. 

    Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» Э. Холовро барои нишондиҳандаҳои ноилшуда дар соҳаи варзиш бо ифтихорномаи Бонк ва мукофотпулӣ сарфароз гардонид. 

    Аҳли кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» дар ин роҳи хеле мушкил, вале пуршараф ба Эраҷ муваффақиятҳо таманно менамоянд.





Возврат к списку


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал