Қурби асъор

2018-01-19


  • Харид
    • 8.8100
    • 10.7200
    • 0.1550
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.7800
    • 0.1565
  • БМТ
    • 8.8213
    • 10.8052
    • 0.1557
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8213
    • TJS
29.07.2016

Ҷашни «Сайри лола» дар кишвари Красноярски ФР доир гашт.

     Маротибаи 15-ум аст, ки ҷашни «Сайри лола» дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия баргузор мешавад. Дар тули ин муддат ҷашни мазкур аллакай мақоми чорабиниҳои сатҳи байниминтақавӣ ва байналмилалиро соҳиб гаштааст, ки он халқҳои гуногунро бо ҳам мепайвандад ва дӯстии онҳоро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад. Ин сол ҷашни «Сайри лола» дар санаи 10 июл дар ҷазираи Татишеви шаҳри Красноярски кишвари Красноярск баргузор шуд. Шумораи тахминии иштирокчиёни чорабинӣ, ки мардуми таҳҷоӣ ва намояндагони дигар миллатҳо, ки дар кишвар умр ба сар мебаранд, ҳудуди 5000 нафарро ташкил медод. Инчунин дар ин ҷашн роҳбарон ва намояндагони 48 диаспораҳои миллӣ, намояндагони роҳбарикунандаи кишвар ва шаҳри Красноярск ширкат намуданд. Барномаи чорабинии идона аз се қисмат иборат буд: қисми тантанавӣ, барномаи консертиву намоиши хӯрокҳои миллӣ ва чорабиниҳои варзишӣ. 

      ҶСК «Агроинвестбонк» имсол сарпарастии қисмати варзишии ҷашни мазкурро бар ӯҳда дошт. Дар ин чорабинӣ 25-ҷоиза ба маблағи 65 ҳазор рубл ба даст оварда шуд, ки ба ғолибони мусобиқаи давидан ба масофаи 100 метр, вазнбардорӣ, армрестлинг, инчунин иштирокчиён ва ғолибони гӯштини тарзи миллӣ-тоҷикӣ лоиқ дониста шуданд. 

      Ҷашни «Сайри лола» дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир гашт, ки то дергоҳ дар ёдҳои ширкаткунандагони чорабинӣ нақш хоҳад баст.


Возврат к списку


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал