Қурби асъор

2018-01-19


  • Харид
    • 8.8100
    • 10.7200
    • 0.1550
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.7800
    • 0.1565
  • БМТ
    • 8.8213
    • 10.8052
    • 0.1557
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8213
    • TJS
15.11.2016

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

     14 ноябри соли 2016 дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» бо иштироки Раис, аъзоёни Раёсат ва кормандони Бонк бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

   Зимни баромадњои худ Раиси бонк Муродалӣ Алимардон ва Муовини якуми Раиси Бонк Тағоймуродов Ф.Ғ. дар бораи хизматҳо ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии истиқлолияти кишвар ва фаъолияти ӯ дар давраҳои барои Тоҷикистон басо душвору сангин муфассал суханронӣ намуданд. Раиси Бонк аз ҷумла қайд намуд, ки тамоми дастоварду муваффақиятҳое, ки то имрӯз кишвар ба даст овардааст, натиҷаи меҳнату ташаббускориҳои Сарвари давлат - Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Иродатмандии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хатари парокандагии миллат аз байн бардошта гардида, ягонагии давлате бо номи Тоҷикистон таъмин карда шуд. Дар майдони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва харитаи сиёсии он пайдо гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад.

     Дар рафти ҷаласаи ботантана кормандони Бонк-аъзоёни ҲХДТ аз Ташкилоти ибтидоии «Агроинвест», Ҷураев Исмоил, Ҷаҳонорои Равшан, Эмомалӣ Давлатов ва Ашуров Абдулазиз низ аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар васфи ӯ шеърҳо қироат карданд.


Маркази матбуот


Возврат к списку


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал