Қурби асъор

2018-01-19


  • Харид
    • 8.8100
    • 10.7200
    • 0.1550
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.7800
    • 0.1565
  • БМТ
    • 8.8213
    • 10.8052
    • 0.1557
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8213
    • TJS
04.04.2017

ҶСК «Агроинвестбонк» дар ҳафтаи байналмилалии Global Money Week ширкат намуд

 

   Global Money Week – ин ҷашни ҷаҳоние маҳсуб меёбад, ки ташаббускори он созмони Child & Youth Finance International, ба шумор меравад. Ин ҳафта дар барномаи худ иқдомот ва чорабиниҳои сатҳи маҳаллӣ ва минтақавиеро фаро гирифтааст, ки ҳадафи он илҳом бахшидани кӯдакону ҷавонон, дар масъалаи зиёд намудани дониш оид ба пул ва пасандозҳо, аз хусуси он ки чӣ гуна бояд кор кард, пул пайдо намуд ва тиҷорати худро оғоз бахшид, мебошад.

   Дар соли 2016, 7 миллион кӯдакон ва ҷавонон дар тамоми дунё дар ин чорабиниҳо, дар доираи Ҳафтаи GMW ширкат варзидаанд. Ҳафтаи байналмилалии молияи кӯдакон ва ҷавонон GMW-2017, соли ҷорӣ, дар давраи аз 27.03.2017 то 02.04.2017 c., таҳти шиори «Хонед. Пасандоз намоед. Даромад дошта бошед.», доир гашт.

   Аз ҷониби кормандони ҶСК «Агроинвестбонк» бахшида ба Ҳафтаи GMW, бо иштироки хонандагони Лицеи шаҳрии №1, барои кӯдакони болаёқат, чорабинӣ доир карда шуд.

   ҶСК «Агроинвестбонк» чун анъана, бо равона кардани гуруҳҳо барои пайдо намудани саводнокии молиявӣ, кӯмаки ҳамаҷониба расонидан ба ҷавонон барои ба даст овардани дараҷаи огоҳии иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашнгирии Ҳафтаи GMW-ро фаъолона дастгирӣ намуд.


         

          



Возврат к списку


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал