Қурби асъор БМТ 

2024-04-25



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Маълумоти умумӣ

         Дар бозори интиқоли маблағҳо низомҳои зиёди хориҷи мавҷуданд. Ҳар як низоми интиқоли маблағҳо хусусияти хоси худро доро мебошад, ки ба комиссияи интиқол, суръат ва нишонии онҳо дахл дорад. ҶСК «Агроинвестбонк» ба мизоҷони худ истифодабарии низомҳои интиқоли маблағҳои зеринро пешниҳод менамояд: тавассути бонкҳои-муросилотӣ, «Анелик», «Contact», «InterExpress», «Western Union», «Юнистрим», «Близко», «Лидер», «Золотая корона», «Money Gram»,  «Begom»,  «БЭСТ». Барои худ низоми интиқоли қулай ва мақбулро интихоб намоед.

       Ба хизмати Шумо интиқоли маблағҳои ҶСК «Агроинвестбонк» бо хизматрасонии арзон ва фаврӣ дар тамоми дунё пешниҳод мегардад. Бонки мо соҳиби шабакаи васеътарин дар Тоҷикистон мебошад: 61 филиал, 112 маркази хизматрасонии бонки, 255 нуқтаҳои интиқол бо шумораи зиёди низоми интиқоли маблағҳо .

      ҶСК «Агроинвестбонк» бо бонкҳои бузургтарини ИМА, Олмон, Россия ва Хитой муносибатҳои муросилотӣ дорад. Хизматрасониҳои «Агроинвестбонк» - ин бисёр қулай ва фоидабахш! Мо ба Шумо интиқолидиҳии маблағро дар муддати тез ва бо боварӣ ба тамоми нуқтаҳои ҷаҳон пешниҳод мекунем.

      Нуқтаҳо амалиёт ва хизматрасониҳои зеринро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон иҷро менамоянд: 

 - қабули асъори нақди хориҷӣ аз шахсони воқеӣ ва интиқоли он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши онҳо бе кушодани суратҳисоб;

 - қабули пули нақди миллӣ аз шахсони воқеӣ ва интиқоли он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши онҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ; 

- бо асъори нақди хориҷӣ пардохти маблағҳои пулие, ки тавассути интиқол бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа ба номи шахси воқеӣ ворид шудааст ва бо хоҳиши шахси воқеӣ - гирандаи маблағ ба пули 4 миллӣ мубодила кардан ва ба ӯ додани маблағҳои мазкур;

 - бо пули миллии нақд ба шахси воқеӣ пардохтани маблағҳое, ки тавассути интиқол бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба номи ӯ бо пули миллӣ гузаронида шудаанд; 

- қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда ва осебдидаи коршоям; 

 - амалиёти мубодилавӣ.

    Тамоми нуқтаҳои интиқоли пулии Бонк дар рӯзҳои кори аз соати 8.00 то соати 17.00 ва дар рӯзҳои шанбе аз соати 8.00 то 15.00 фаъолият менамоянд. Танаффуси нисфирӯзӣ аз соати 12.00 то соати 13.00.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал