Қурби асъор БМТ 

2024-03-29



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Муроҷиатномаи Раиси Бонк


Мӯҳтарам мизоҷон, шарикони гиромӣ, дӯстон, иҷозат диҳед пеш аз ҳама ба Шумо барои истифодабарӣ аз хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои Бонки мо изҳори ташаккур баён намоям!

Бо шарофати ҳамкориҳои қавӣ ва муносибатҳои байниҳҳамдигарӣ мо ҳамчун яке аз муассисаҳои бузургтарини молиявӣ фаъолият намуда соҳиби нуфӯз ва дорои фаъолияти босуръату Бонки масъулиятнок гаштаем. Таҷрибаи бисёрсолаи корӣ, дастгирии шарикон, афзоиши шумораи мизоҷон, мавҷудияти гурӯҳи мутахассисони коршинос, мувозинати бошуурона миёни даромад ва хавфҳо, яке аз сабабҳои афзоиш ва рушди ҶСК «Агроинвестбонк» ба шумор меравад.

Дар муддати солҳои охир, мо стратегияро баҳри ҳавасмандии мизоҷон, дархостҳо ва умедвориҳои онҳо равонагаштаро самаранок амалӣ сохта истодаем. Бонки мо хизматрасониҳои худро тариқи 131 воҳидҳои сохтории воқеъ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд. Беш аз сад ҳазор мизоҷ Бонки моро интихоб намуда, аз махсулот, хизматрасониҳои босифат, ва сатҳи баланди хизматрасонӣ истифода мебаранд. Чунин боварӣ аз тарафи мизоҷон, ки таваҷҷуҳи ҳамавақтаи мо ба ҳавасмандии онҳо равона карда шудааст, нақши асосиро барои рушди пурсамари мо бозидааст.

Барои бадастоварии мақсадҳои дар пеш мондашуда, Бонк ҳамкориҳои техникӣ ва молиявии аз ҷониби Бонки Аврупоии Рушд ва Тараққиёт қабулшударо, ки ба ҳайати саҳомони Бонки мо дохил шудаанд, истифода мебарад. Ҳамкорӣ бо институти байналмилалии молиявӣ барои бонки мо моҳияти бузург дорад ва бар дӯши мо масъулияти ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои стандартии ҷаҳониро вогузор мекунад.

Сиёсати корпоративвии мо ошкоро будан ва поквиҷдониро бо мизоҷон махсусан қайд мекунад. Мо ҷиддан бовар дорем, ки бурду барори мо пайвасти ногусастанӣ дорад бо вазъи боэътидоли дарозмуддату боварибахши муносибот бо мизоҷон ва шарикони мо. Мо кӯшиш дорем, вобаста ба талаботҳои мизоҷонамон рушд кунем ва интиқоди дастурдеҳро, ки бо шарофати он ба пеш ҳаракат мекунем ба назар бигирем ва мақсадҳоямонро амалӣ менамоем.

Мо Шуморо даъват менамоем, то дар бораи Бонки мо ва интихоби васеъи хизматрасониҳои он тавассути сомонаи мо бештар маълумот бигиред. Бигузор муваффақият ёри Шумо бошад, умед дорем, ки ҳамкориҳои тарафайн барои мо вазъи боэътидоли молиявӣ ва рушди тиҷоратро фароҳам меорад. Ба Шумо хушбахтӣ, саломатӣ ва хушҳоливу гармиро дар хонадонатон таманно дорем!


Бо эҳтиром,

Раиси ҶСК «Агроинвестбонк»

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал