Қурби асъор БМТ 

2024-04-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Кафолати Бонкӣ


Кафолати Бонкӣ — ин яке аз услуби таъминоти иҷрои вазифаҳо, ки ҳангоми он Бонк, ё ин ки дигар ташкилоти қарзӣ ё худ ташкилоти суғуртавӣ (кафолатдиҳанда) мувофиқи дасхости қарзгиранда (эътимодкунанда) ба карздиҳанда (баҳрабардор) ӯҳдадории хаттӣ оиди пардохти воситаи пулӣ дода ҳангоми пешниҳодоти талаботи онҳо пардохт менамояд.


Шартҳои додани кафолати бонкӣ ва намудҳои он:


Намудҳои кафолат

1. Кафолати тендерӣ. 
2. Кафолати иҷроиш. 
3. Кафолати пардохт. 
4. Кафолати бозхонди маблағи пешпардохт.

Комиссия барои додани кафолат

· Бо пешниҳоди ҷуброни пули 0,1% аз ҳаҷми маблағ;

· Бе пешниҳоди ҷуброни пулӣ тавассути мувофиқа (ҳадди ақал 100 сомонӣ) вале на камтар аз 2% солона.

Ҳангоми пешниҳоди талабот дар бораи пардохт

0,2% аз ҳаҷми кафолат

Комиссия барои тағйис роти шароити кафолат

0,1 % аз ҳаҷми кафолат (ҳадди ақал - 100 сомонӣ, ҳадди аксар - 400 сомонӣ).

Барҳам додани кафолат то гузаштани мўҳлат

0,1 % аз ҳаҷми кафолат (ҳадди ақал  - 100 сомонӣ, ҳадди аксар - 400 сомонӣ).

Интиқоли маълумот оиди пардохт ва тасдиқи кафолат тариқи SWIFT

Пардохт барои ҳар як барориши SWIFT – 25 сомонӣ

Ҳуҷҷатҳои талабшаванда барои кафолати бонкӣ

Мактуб аз шахси ҳуқуқӣ бо нишондодани ҳатмии навъ,ҳаҷм, мўҳлати кафолат.

Муҳлати кафолат

то 1 сол.


Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳоди кафолат ба соҳибкорони инфиродӣ:

  • Ариза барои кафолати бонкӣ (дар бонк бо шакли махсуси пешниҳодшуда пур карда мешавад);
  • Нақшаи тиҷоратӣ;
  • Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон;
  • Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
  • Бастаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкунандаи таъминоти гарав таҳти кафолати бонкӣ (шиносномаи техникии объект, шаҳодатнома дар бораи қонунӣ гардонии молу мулк ва ғ.);


Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳоди кафолат барои шахсони ҳуқуқӣ:

  • Ариза барои гирифтани кафолати бонкӣ аз рӯи шакли пешакӣ омодашуда, бо нигориши маънии муроҷиатнома;
  • Оинномаи ташкилот (нусхаи ба таври нотариалӣ тасдиқнамуда);
  • Шаҳодатнома дар бораи бақайдгири давлатии ташкилот ба сифати шахси ҳуқӯқӣ;
  • Нусхаи мактуби ахборотӣ аз мақомоти андози ҷойи қайд;
  • Қарори Маҷлиси Муассисон оид ба масъалаи гирифтани кафолати бонкӣ;
  • Нусхаи фармонҳо дар бораи таъиноти роҳбарони ташкилот;
  • Иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи иқтисодиёт;
  • Нусхаи шиносномаҳои роҳбарони ташкилот;
  • Тавозуни муҳосибавӣ барои 3 соли охири фаъолияти ташкилот;
  • Шарҳи пурраи дебеторӣ ва кредитрорӣ;
  • Ҳисобот дар бораи фоида ва зиён;
  • Нусхаи қарордод ва шартномаҳо бо шарикон;

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал