Қурби асъор

2017-11-23


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.3200
    • 0.1495
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3800
    • 0.1510
  • БМТ
    • 8.8186
    • 10.3663
    • 0.1485
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8186
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ  «АВТОҚАРЗ»


«Автоқарз» - намуди  қарзгузории миёнамуддат (то 36 моҳ) ба қарзгиранда имконияти аз бонк дастрас намудани кредитро барои харидани мошини сабукрав медиҳад ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшуда онро пардохт менамояд.

Ҳангоми ташкили ин намуди қарзгузорӣ Бонк бояд бо Автосалон шартномаи ҳамкорӣ доир ба фурӯши мошинҳои сабукрав тавассути кредит ба аҳолӣ  ба имзо расонад. Дар навбати худ Автосалон мувофиӣи шартномаи ҳамкорӣ ба бонк аз фурӯши мошинҳо ба воситаи кредит ба андозаи то - 2% пардохт намудани комиссия  розигии худро медиҳад.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Автоқарз» бо   шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Сину сол – аз 18 то 63 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

2.      Сину сол – аз 18 то 58 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

3.      На камтар аз 6 моҳ собиқаи корӣ дар ташкилоти дар минтақаи бонки хизматрасон ҷойгир буда бо назардошти муҳлати амали қарордод ё ин ки шартномаи меҳнатӣ;

4.      Барои соҳибкори инфиродӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;

5.    Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асъори  кредит

Сомонӣ

Ҳаҷми кредит

Баробари 70% -и арзиши мошини сабукрави харидори-шаванда-на зиёда аз 20 000 доллари ИМА бо муодили асъори милли.

Муҳлати кредит

Аз 12 то 36 моҳ

Мизони фоизи кредит

Тибқи сиёсати фоизии бонк.

Шакли кредит

Ғайринақдӣ (тибқи шартномаи имзошуда бо ҶСК «Агроинвестбонк» маблағ ба ҳисоби Автосалон гузаронида мешавад).

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

Манбаи даромади доимии қарзгиранда ва зомини он, ҳаҷми маблағе, ки барои пардохт намудани кредит ва фоизҳои он кифоя аст, аз он ҷумла даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ

Таъминоти кредит

1.      Мошини харидашаванда баъд аз суғурта кардани он ва ё амволи ғайриманқул

Тартиби пардохти  кредит

* Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз);

Пардохти  аввал

На камтар аз 30%-и арзиши мошини сабукрави харидори-шаванда.

Муҳлати баррасии кредит

Дар давоми 5 рӯзи кори бонкӣ аз рӯзи пешниҳоди бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо аз тарафи қарзгиранда.

Шартҳои махсус

1.                 Ҳангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблағи кредити ҷудошаванда на зиёда аз 50%-и маблағи умумии даромадҳои расмии қарзгиранда (музди меҳнат ва дигар даромадҳои иловагӣ) ба инобат гирифта мешавад;

2.           Барасмиятдарории ин намуди кредит танҳо ба МАБ ва Х №1ва Сарфилиалҳо иҷозат дода мешавад;

 

Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Автоқарз» қарзгиранда бояд ҳатман  ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

  Нусхаи шиносномаи қарзгиранда бо нишондоди қайди ҷои зист;

  Маълумотнома аз ҷои кори қарзгиранда дар бораи даромад ва ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории онҳо  (шаҳодатнома, иҷозатнома, патент, пардохтҳои андоз ва ғ.);

  Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кори қарзгиранда

 (шартномаи меҳнатӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз шӯъбаи кормандон);

  Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

  Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад);

  Ҳисобнома – (счет-фактура) аз Автосалон;

  Полиси суғуртавӣ ва ё бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои амволи ғайриманқули ба сифати гарав гузошта шаванда.

Филиалҳои бонк

карта

61 филиал