Қурби асъор БМТ 

2024-04-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ БО НАҚШАИ «ҚАРЗ БО ТАЪМИНОТИ МАСНУОТИ ТИЛЛОВОРӢ»


 «Кредит бо таъминоти маснуоти тилловорӣ» -намуди қарзгузории кутоҳмуддат (то 12 моҳ) ба қарзгиранда имконияти аз бонк дастрас намудани маблағро баҳри  зарурияти истеъмолӣ медиҳад ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт менамояд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Кредит бо таъминоти маснуоти тилловорӣ» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Сину сол – шахси болиғ;

2.    Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асъори  кредит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро

Ҳаҷми кредит

На зиёда аз 80%-и арзиши бозории таъминоти гарави кредит (маснуоти тилловорӣ);.

Муҳлати кредит

Аз 1 то 12 моҳ

Андозаи фоизи кредит

Бо асъори миллӣ 30%, бо асъори хориҷӣ 28%-и солона

Шакли кредит

Нақдӣ ва ғайринақдӣ (бо интихоби қарзгиранда)

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Таъминоти кредит

Маснуоти тилловорӣ, сабикаи тилло, тангаҳо бо нархи шикастапора.

Тартиби пардохти  кредит

*Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз);

**Ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти кредити асосӣ дар  мувофиқа бо қарзгиранда. 

Шартҳои махсус

Розигии дигар соҳиби амволи ба гарав гузошташаванда (агар бошад) 


Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Кредит бо таъминоти маснуоти тилловорӣ» қарзгиранда бояд ҳатман ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

·         Нусхаи шиносномаи қарзгиранда бо нишондоди қайди ҷои зист;

·         Нусхаи шиносномаи дигар соҳиби амвол;

·         Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

·         Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад);

·         Санади нархгузории маснуоти тилловорӣ.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал