Қурби асъор БМТ 

2024-04-20



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ  «КРЕДИТ БО ТАЪМИНОТИ АМОНАТ»


«Кредит  бо таъминоти  амонат» - намуди  қарзгузории кутоҳмуддат (то 8 моҳ) ба қарзгиранда имконияти аз бонк дастрас намудани маблағро баҳри хароҷотҳои ғайричашмдошт медиҳад ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт менамояд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Кредит бо таъминоти амонат» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Сину сол – шахси болиғ;

2.    Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асъори  кредит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро

Ҳаҷми кредит

Аз 200 доллари ИМА ё бо муодили он бо дигар асъор, на зиёда аз ҳаҷми маблағи пасандоз бо назардошти фоизҳои ҳисобшавандаи кредит.

Муҳлати кредит

То 8 моҳ

Мизони фоизи кредит

Тибқи сиёсати фоизии бонк.

Шакли кредит

Нақдӣ ва ғайринақдӣ (бо интихоби қарзгиранда)

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

* Манбаи даромади доимии қарзгиранда ва зомини он,  ҳаҷми маблағе, ки барои пардохт намудани кредит ва фоизҳои он кифоя аст;

**  Даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ;

***Маблағҳое, ки аз ҳисоби фаъолияти меҳнатии берун аз ҷумҳурӣ ба даст дароварда шуда тавассути низомҳои интиқоли маблағ ба номи қарзгиранда ва ё аъзоёни  оилаи ӯ ворид мешаванд.

Таъминоти кредит

Замонати на камтар аз 1 шахси воқеӣ, ки манбаи даромади онҳо дар мавриди зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон кифоя мебошад.

Тартиби пардохти  кредит

*Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз);

**Ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти кредити асосӣ дар  мувофиқа бо қарзгиранда. 

Шартҳои махсус

1.      Кредит ҳатман ба номи Амонатгузор барасмият дароварда мешавад;

2.      Бастани шартномаи гарави воситаҳои пулӣ ҳатми мебошад;

3.      Кредит дар ҳамон сохтори амалиётие барасмият дароварда мешавад, ки пасандоз низ дар ҳамон ҷо нигоҳ дошта мешавад;

4.      Дар ҳолати дархости қарзгиранда аз 20 000 доллари ИМА ва ё муодили он зиёд будан ҳатман бо Дирексияи бонкдории чакана мувофиқа кардан зарур аст.


Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Кредит бо таъминоти амонат» қарзгиранда бояд ҳатман ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

q Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

q Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад);

q Нусхаи шартномаи пасандозӣ.


Эзоҳ: Дар ҳолати қабул кардани қарор оиди додани кредит, мутахассиси кредитии бонк ба сохтори хизматрасонии амонатҳо супориши хизматӣ оиди манъ кардани қардишҳои дебетӣ дар ҳисобӣ пасандози муҳлатноки мизоҷ дар давраи амали шартномаи кредитӣ равон мекунад.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал