Қурби асъор БМТ 

2024-03-28



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Шартҳо


Муносибати тарафҳо оид  ба  амаликунии  лоиҳа 

Барои кушодани ҳисобҳо ва тайёр намудани корти пластикӣ:

·           Ташкилот бо ҶСК «Агроинвестбонк» вобаста ба хизматрасонӣ оид ба додани воситаҳои пулии кормандони ташкилотҳо, бо истифода аз кортҳои пластикии дар ҶСК «Агроинвестбонк» нашршаванда, ки дар асоси он  кушодани суратҳисобҳои депозитӣ ва омода намудани кортҳои пластикӣ ба кормандон, амалӣ мешавад Шартнома мебандад.

·           ҶСК «Агроинвестбонк» барои  пур кардан, теъдоди ҳуҷҷатҳои заруриро, барои кушодани ҳисобҳои депозитии кортӣ ва тайёр намудани кортҳо, ба кормандони ташкилотҳо медиҳад;

·           Ташкилот ба ҶСК «Агроинвестбонк» ҳуҷҷатҳои пур намудаи кормандони худро, ки арои онҳо суратҳисоб кушода мешавад ва корти пластикӣ омода мегардад, пешниҳод менамояд;

·           ҶСК «Агроинвестбонк» суратҳисобҳои депозитии кортиро барои кормандони ташкилотҳо, мекушояд ва кортҳоро ба намояндагон- шахсони масъули ташкилотҳо  медиҳад;

·           ҶСК «Агроинвестбонк» ба ташкилот барномаи таъминотиро барои гирифтани файли электрониибаргаи тақсимоти музди маош медиҳад. 

Барои гузаронидан ва тақсимоти музди маош:

·           Ташкилот тавассути пардохти ягона,  музди маош ва дигар пардохтхоро интиқол медиҳад, ки он ба тақсим намудани ҳисобҳои депозитии кортии кормандон, ба ҳисоби муросилотии ҶСК «Агроинвестбонк» мансуб аст ; 

·           Ташкилот ба ҶСК «Агроинвестбонк» баргаи электронии тақсимоти воситаҳоро бо нишондоди ному насаб, рақами корти пластикӣ ва маблағи пардохтшаванда медиҳад; 

·           ҶСК «Агроинвестбонк» дар муддати 2-соат, аз лаҳзаи воридшавии воситаҳои пулӣ,  ба ҳисоби муросилотӣ ва баргаи электронӣ , тақсимоти маблағҳои ҷавобгӯро ба ҳисоби кортҳои депозитии кормандони ташкилот амалӣ менамояд;

·           Баъд аз гузаронидани воситаҳо ба ҳисобҳои депозитии кортӣ, кормандон дар ҳама вақту замон метавонанд дар банкоматҳои шӯбаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ёки дар банкоматҳоишӯбаҳои дигар бонкҳои дар низомҳои пардохтии боло қайдшуда иштирокчӣ, дастрас намоянд. Инчунин пардохтиғайринақдиро дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ барои маҳсулот ёки хизматрасонӣ,  чӣ дар Тоҷикистон, чӣ берун аз он амалӣ намоянд. 

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал