Қурби асъор

2017-11-18


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.2900
    • 0.1460
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3400
    • 0.1475
  • БМТ
    • 8.8214
    • 10.4084
    • 0.1466
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8124
    • TJS

Таҳвил


Мавҷудияти хадамоти таҳвилии Бонк ба мизоҷони мо имконияти таҳвили маблағҳои пулиро дар вақтҳои дилхоҳ ва нақшаи оптималӣ медиҳад. Бо хизматрасонии таҳвили ҶСК «Агроинвестбонк» Шумо боварӣ ба ҳифзу нигоҳдории арзишҳои таҳвилшаванда ҳосил мекунед.


Намуди хизматрасониҳои таҳвилӣ:

  • Дастрас намудани маблағҳои нақдина ба муассисаву ташкилотҳо;
  • Таҳвили арзишҳои воридотӣ ба ҶСК «Агроинвестбонк» бо гузаронидан ба ҳисоби мизоҷ дар ҳолати вақти воқеӣ;
  • Қабули маблағҳои нақдина барои дастрас намудан ба дигар воҳидҳои сохтории Бонк, ки дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошанд;
  • Азнавҳисобкунии воситаҳои пулии аз ҷониби мизоҷон дар борхалтаҳои таҳвилӣ супоридашуда ёки ба воситаи хадамоти таҳвилии Бонк, воридоти нақдии мизоҷонро ба хазинаи бегохи (шабонарӯзӣ) инчунин рӯзҳои истироҳат ва ҷашнӣ, бо тариқи дар рӯзи дигар ба ҳисоби мизоҷ гузаронидан;
  • Азнавҳисобкунии такрорӣ ҳангоми нодуруст гузоштани воситаҳои пулӣ ба борхалтаи таҳвилӣ бо айби мизоҷ (сарфи назар аз чиптаҳои қалбакӣ ғайрипардохт ва кӯҳна);
  • Дастраскунии тангаҳои металлӣ дар ивази пулҳои қоғазии хадамоти таҳвили ҶСК «Агроинвестбонк» (дар як маротибаи бурдан). Хизматрасонии мазкур фақат барои мизоҷоне пешниҳод мешавад, ки барои таҳвили маблағҳои воридотӣ аз нуқтаҳои савдои бо хадамоти таҳвили ҶСК «Агроинвестбонк» шартнома бастаанд.


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал