Қурби асъор

2017-11-19


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.2900
    • 0.1460
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3400
    • 0.1475
  • БМТ
    • 8.8214
    • 10.4084
    • 0.1466
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8124
    • TJS

Амонатҳо


Татбиқи саривақтии таҳияи маҳсулотҳои нав ва мувофиқати онҳо ба талаботҳои афзунгардидаиМизоҷони бонк - далели асосии рақобат байни сохторҳои бонкӣ, ки хизматрасонии амонатиро ба аҳолӣ пешниход менамоянд, мебошад.

ҶCК «Агроинвестбонк» ба Шумо якчанд намудҳои амонатҳои мӯҳлатнок ва пасандозиро пешниҳод мекунад, ки ҳар кадоми он бо шартҳои ба Шумо фоидаовар таҳия шудаанд.

Новобаста аз гуногунии шартҳои амонати мӯҳлатнок ва пасандозӣ ягона он мебошад, ки:

  • Барасмиятдарории амонат мувофиқи ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият амалӣ карда мешавад;
  • Барасмиятдарорӣ бо бастани шартномаи амонати бонкӣ, пешниҳоди китобчаи амонатӣ ва ё корти пластикӣ тасдиқ карда мешавад;
  • Ҳисобӣ намудани фоиз ҳангоми мавҷуд будани бақияи амонат на камтар аз 100 воҳиди асъор ҳисоб карда мешавад.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии Амонатгузорон аз қабили маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, Бонк фоизҳои ҳисобкардашудаи амонати чунин Амонатгузоронро бо хоҳиши худи онҳо тариқи ройгон ба манзилашон мерасонад.

Мӯҳлати баргардонии ҳамаи амонатҳои пасандозӣ –дархостӣ муқаррар карда шудааст. Амонатгузор метавонад дар асоси шартҳои муқаррарнамудаи шартномаи амонати бонкӣ дар дилхоҳ вақт ба амонати худ маблағ ворид намояд ва ё онро гирад.

Андозаи фоизҳо аз рӯи ҳар як намуди амонат мувофиқи Сиёсати фоизии бонк муайян карда мешавад.

Ҳамаи талаботҳо оиди қабули амонат, хизматрасонӣ, ҳисобӣ намудан ва пардохти фоиз, тартиботи мутақобила бо Амонатгузор дар шартномаи амонати бонкӣ дарҷ мегардад.

Филиалҳои бонк

карта

61 филиал