Қурби асъор БМТ 

2024-04-20



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ  «КРЕДИТ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ЗАРУРӢ»


«Кредит  барои  эҳтиёҷоти  зарурӣ» - намуди  қарзгузории миёнамуддат (то 24 моҳ) ба қарзгиранда имконияти аз бонк дастрас намудани маблағи пулиро баҳри  хароҷотҳои зарурӣ (пардохти хизматҳои гирифташуда, гузаронидани чорабинии оилавӣ, таъмири хона ва ғ.) медиҳад, сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт менамояд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Кредит барои эҳтиёҷоти зарурӣ» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1. Сину сол – аз 18 то 63 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

2.  Сину сол – аз 18 то 58 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

3.  На камтар аз 6 моҳ собиқаи корӣ дар ташкилоти дар минтақаи бонки хизматрасон ҷойгир буда бо назардошти муҳлати амали қарордод ё ин ки шартномаи меҳнатӣ;

4. Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асъори  кредит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро

Ҳаҷми кредит

Аз 100 то 8 000 доллари  ИМА ё муодили он бо дигар асъор

Муҳлати кредит

Аз 1 то 24 моҳ

Андозаи фоизи кредит

Тибқи сиёсати фоизии бонк

Шакли кредит

Нақдӣ ва ғайринақдӣ (бо интихоби қарзгиранда)

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод  намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

Манбаи даромади доимии қарзгиранда ва зомини он, ҳаxми маблағе, ки барои пардохт намудани кредит ва фоизҳои он кифоя аст.

Таъминоти кредит

Замонати на камтар аз 1 шахси воқеӣ, ки манбаи даромади онҳо дар мавриди зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон кифоя мебошад.

Тартиби пардохти  кредит

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз)

Шартҳои махсус

1.      Кредит аз тарафи бонки хизматрасон, ки дар маҳали зисти қарзгиранда воқеъ аст барасмият дароварда мешавад;

2.      Ҳангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблағи кредити ҷудошаванда, на зиёда аз 50%-и маблағи умумии даромадҳои расмии қарзгиранда (музди меҳнат ва дигар даромадҳои иловагии расмӣ) ба инобат гирифта мешавад.


Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Кредит барои эҳтиёҷоти зарурӣ» қарзгиранда бояд ҳатман ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

q  Нусхаи шиносномаи қарзгиранда  ва зомини вай бо нишондоди қайди ҷои зист;

q  Маълумотнома аз ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай дар бораи даромад;

q  Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

Эзоҳ:  Ҳангоми маротибаи якум гирифтани кредит муҳлати он аз 1 то 18 моҳро ташкил медиҳад. Дар ҳолати таърихи хуби кредитӣ доштан бо кредити аввала, имконият дода мешавад, ки муҳлати кредит дар маротибаи дуюм ва дигар маротибаҳо то 24 моҳ муайян карда шавад.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал