Қурби асъор БМТ 

2024-03-28



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Хизматрасонии «Қарзи чаканавӣ - Овердрафт» аз ҶСК «Агроинвестбонк».


Овердрафт – ин имконияти қулай ва васеъи дастрас намудани қарзи кӯтоҳмуддат барои мизоҷон - дорандагони кортҳои пардохтӣ мебошад. Корти пардохтии бонкиро бо пешниҳоди овердрафт ҳамчун ҳамёни электронӣ, ки имконияти истифодаи қарзи бонкиро дорад, қабул намудан мумкин аст.


Шартҳои асосии қарздиҳии овердрафтӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии дар асоси лоиҳаи музди маош пешниҳодгардида

Кӣ имконияти қарзи овердрафтӣ гирифтанро дорад?

Шаҳрванди Тоҷикистон, корманди ташкилот – иштирокчии лоиҳаи додани музди маош бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкии аз тарафи ҶСК «Агроинвестбонк» нашршуда, ки на камтар аз 6 моҳ собиқаи корӣ дорад.

Қарзи овердрафтиро бо истифодаи корти пардохтии бонкӣ чи тавр дастрас намудан мумкин аст?

Барои дастрас намудани қарзи овердрафтӣ бо истифодаи корти пардохтии кормандон Ташкилотро зарур аст, ки бо Бонк созишномаи иловагиро ба Шартномаи оид ба хизматрасонии додани маблағҳои пулӣ ба кормандони Ташкилот бо истифода аз кортҳои бонкии ҶСК «Агроинвестбонк» ба имзо расонад, ҳуҷҷати зарурии зеринро пур намуда ба қисмати амалиётии ба Ташкилот хизматмерасонидаи Бонк пешниҳод намояд:

-        Ариза-анкетаи қарзгир барои дастрас намудани қарзи овердрафтӣ бо истифодаи суратҳисоби махсуси кортӣ.

Кафил талаб карда мешавад?

Талаб карда намешавад.

Маблағи максималииқарзи овердрафтии пешниҳодшаванда?

50% аз ҳаҷми миёнаи моҳонаи маблағи аз тарафи Ташкилот ба суратҳисоби кортии мизоҷ - дорандаи корти пардохтӣ пардохташуда дар 6 моҳи охир.

Қарзи овердрафтӣ  бо кадом намуди асъор дода мешавад?

Бо асъори суратҳисоби амонатӣ, ки ба корти пардохтӣ вобаста карда шудааст.

Муҳлати максималии қарзи овердрафтӣ?

30 рӯз аз вақти пайдоиши маблағи аввалини қарзи овердрафтӣ.

Намуди қарзи овердрафтӣ?

Аз нав барқароршаванда, яъне ҳангоми пардохти қарз лимити муайяншудаи қарздиҳӣ барои такроран гирифтани қарзи овердрафтӣ барқарор мешавад.

Маблағи қарзи овердрафтӣ мумкин  аст ба пуррагӣ ва ё қисман истифода карда шавад.

Тарзи пардохти қарзи овердрафтӣ?

Пардохти қарз ва фоизҳои ҳисобшудаи он амалӣ карда мешавад:

-      Бо роҳи боздошти маблағҳои ба суратҳисоби ба корти пардохтии бонкӣ вобасташуда ворид гардида (зарурати ба Бонк омадан ва гузаронидани ягон намуди амалиёт нест),

ва ё

-       Бо роҳи мустақилона ба суратҳисоби кортӣ ворид намудани маблағ (ба воситаи хазинаи Бонк, гузаронидани маблағ аз дигар сарчашма ва ё бо воситаи таҷҳизотҳои терминалии Бонк пур намудани суратҳисоби кортӣ).

Фоизҳо барои истифодабарии қарзи овердрафтӣ?

31% солона аз маблағи қарз, ҳангоми риояи ҷадвали муҳлати пардохти он.

37,5% солона аз маблағи қарз, ҳангоми вайрон намудани ҷадвали муҳлати пардохти он.

Хароҷотҳои иловагӣ?

Хароҷотҳои иловагӣ ва ҳақи хизматрасонӣ ҳангоми баррасии ариза ва муайян намудани лимити қарздиҳӣ талаб карда намешавад!

Хароҷотҳои моҳона барои хизматрасонии қарзи овердрафтӣ вуҷуд надорад!

Ҳангоми зарурат метавонед оиди лимити қарзи овердрафтӣ ва бақияи маблағ дар суратҳисоби кортии худ бо тарзҳои зерин маълумот гиред:

Бо воситаи банкоматҳо

Ҳангоми гирифтани суратнусхаи суратҳисоб аз банкоматҳои Бонк дидан мумкин аст:

- маблағи дастрас, ки бақияи маблағи худ ва бақияи лимити қарздиҳиро дар бар мегирад;

- лимити қарзи овердрафтии иҷозатдодашуда (андозаи доимӣ).

Бо воситаи SMS-хабар

Агар хизматрасонии SMS-хабар пайваст бошад, ҳангоми фиристонидани SMS хабар бо матни 100 ХХХХ (ХХХХ – 4 рақами охирони корти пардохтӣ) ба рақами  6868, дар ҷавоб маълумот оиди бақияи суратҳисоби кортӣ дастрас мегардад.

Тарзҳои дигар

Бо тарзҳои зерин низ донистан мумкин аст:

- ба қисмати амалиётии Бонк ҳозир шуда суратнусхаи суратҳисоби худро дастрас намудан;

- тариқи телефонӣ ба қисмати амалиётии хизматрасони худ муроҷиат намудан;

- бо воситаи хизматрасонии фосилавии Internet Banking.

 

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал