Қурби асъор

2017-11-18


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.2900
    • 0.1460
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3400
    • 0.1475
  • БМТ
    • 8.8214
    • 10.4084
    • 0.1466
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8124
    • TJS

Оиди татбиқи тартиботи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии)

даромадҳои бо роҳи xиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

  

     Ба маълумотатон мерасонем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағузории терроризм» № 684 аз 25 марти соли 2011 ва Низомнома дар бораи татбиқи тартиботи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҶСК «Агроинвестбонк» №72 б, ки бо Қарори Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» таҳти №71 аз 28 майи соли 2015 тасдиқ гардидааст, дар Бонк Комиссияи корӣ ташкил гардида ва кормандони масъул оиди ташкили чорабиниҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таъин карда шудаанд.

   Инчунин бо мақсади ташкил намудани чорабиниҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм тартиботи назорати дохилӣ тасдиқ гардида, дар асоси он чорабиниҳои зерин ба роҳ монда шудаанд:


·     Тартиботи ҳатмии назорати дохилӣ;

·     Назорати ҳатмӣ;

·   Манъи ошкор намудани маълумот ба мизоҷон ва шахсони дигар оид ба чорабиниҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

·    Муайян ва санҷидани шахсияти муштарӣ;

·    Ҷорӣ намудани тартиби «Мизоҷи худро шинос»;

·    Мониторинги доимии суратҳисобҳо;

·    Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумот дар бораи муштариён;

·    Хабардоркунии мақоми ваколатдор оиди аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштарӣ;

·  Ташкили манбаи маълумотҳо нисбати шахсоне, ки дар терроризм гумонбар дониста мешаванд;

·   Раванди қабули корманд то қабул шудани ӯ ба кор;

·   Ташкили чорабиниҳои омӯзишии кормандони бонк;  

·   Маълумотдиҳӣ ба роҳбарияти бонк.


        Дар бонк бо мақсади муайян ва санҷида баромадани муносибатхои корӣ ва омӯзиши амиқи амалиётҳое, ки бо маблагҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар доираи ин муносибатҳо анҷом дода мешаванд, барои таъмин кардани мутобиқати амалиётҳои иҷрошаванда ба маълумоти пешниҳодкардаи ташкилот дар бораи ин муштарӣ, фаъолияти ӯ ва хусусияти хавфҳо, аз ҷумла дастрасии маълумот дар
бораи сарчашмаи маблағҳои муштарӣ дар лаҳзаи гузаронидани амалиёт мебошад як қатор корҳо ба роҳ монда мешаванд.

     ҶСК «Агроинвестбонк» бо бонкҳои ғайрирезидент, ки дар ҳудуди давлатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки мақомоти доимоамалкунандаи идоракунӣ надоранд, инчунин нисбати бонкҳои ғайрирезидент, ки суратҳисобҳои онҳо аз тарафи бонкҳое истифода мешаванд, ки дар ҳудуди ин давлатҳо мақомоти идоракунӣ ва назоратӣ надоранд, ҳамкорӣ ва муносибатҳои муросилотиро ба роҳ намемонад.

     Инчунин ба маълумотатон мерасонем, ки ҶСК «Агроинвестбонк» аъзои барномаи FATCA бо мақоми « Reporting FI under a Model 2 IGA»(FI “SINGLE”) ва GIIN: 6W3KLT.99999.SL.762 аз 30 июни соли 2014 мебошад.


Суроғаи кормандони масъули ҶСК «Агроинвестбонк» оид ба чорабиниҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм:

1.       Раҷабов Сабзаали Усмоналиевич – сардори Мудирияти хазинадорӣ, савдо ва ҳисоббаробаркунӣ , тел: (+992 37) 236-86-68, моб: (+992) 907-77-33-41, E-mail: sradjabov@agroinvestbank.tj;

2.  Акрамов Улугбек Исматович – сардори Шуъбаи ҳамоҳангсозии ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, тел: (+992 37) 236-50-71, моб: (+992) 907-50-10-13, E-mail: uakramov@agroinvestbank.tj;

3.  Элназарова Майсара Султонмамадовна – Сармутахассиси Шуъбаи ҳамоҳангсозии ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, тел: (+992 37) 236-50-71, моб: (+992) 93-806-76-67, E-mail: melnazarova@agroinvestbank.tj

  

Суроғаи кормандони масъули ҶСК «Агроинвестбонк» оид ба чорабиниҳо дар самти кор бо барномаи FATCA:

1.    Раҷабов Сабзаали Усмоналиевич – сардори Мудирияти хазинадорӣ, савдо ва ҳисоббаробаркунӣ, тел: (+992 37) 236-86-68, моб: (+992) 907-77-33-41, E-mail: sradjabov@agroinvestbank.tj;

2.  Сатторов Фаридун Ахрорович – сардори Шуъбаи ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ, тел: (+992 37) 236-51-70, моб: (+992) 907-59-99-97, E-mail: fsattorov@agroinvestbank.tj;

3. Акрамов Улугбек Исматович – сардори Шуъбаи ҳамоҳангсозии ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, тел: (+992 37) 236-50-71, моб: (+992) 907-50-10-13, E-mail: uakramov@agroinvestbank.tj.                 



ҶСК «Агроинвестбонк»

Филиалҳои бонк

карта

61 филиал