Қурби асъор

2017-11-19


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.2900
    • 0.1460
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3400
    • 0.1475
  • БМТ
    • 8.8214
    • 10.4084
    • 0.1466
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8124
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ  «АГРООИЛА»


«Агрооила» - намуди қарзгузории кутоҳмуддат (то 12 моҳ) ба қарзгиранда ва аъзоёни оилаи вай, ки дорои  замини назди ҳавлигӣ  (аз назардошти 75 ҳаз. га замин барои хоҷагии шахсии ёрирасон, ки тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 09.10.1995 сол таҳти №342 ва Фармони Президенти ҶТ аз 01.12.1997 сол таҳти №874 (Заминҳои Президентӣ)) мебошанд, имконият медиҳад, ки бо мақсади  парвариши зироатҳои кишоварзӣ аз бонк воситаҳои пулиро дастрас намоянд ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт намояд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Агрооила» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Сину сол – аз 18 то 63 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

2.      Сину сол – аз 18 то 58 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

3.    Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асъори  кредит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро

Ҳаҷми кредит

Аз 100 то 1000 доллари  ИМА  ё муодили он ба дигар асъор

Муҳлати кредит

Аз 1 то 12 моҳ

Андозаи фоизи кредит

Бо асъори миллӣ 37%, бо асъори хориҷӣ 31%-и солона

Шакли кредит

Нақдӣ ва ғайринақдӣ (бо интихоби қарзгиранда)

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

Даромаде, ки аз парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба даст меояд ва дигар даромадҳои иловагӣ.

Таъминоти кредит

1.      Амволи хона;

2.                Чорво-ҳамаи намудҳои чорво ва паррандаҳои парваришии ба истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ  дахлдошта;

3.      Ҳосили аз ҳисоби маблағгузории кредит истеҳсол-шаванда;

4.      Маҷмeи якҷояи даромади оила;

5.      Замонат.

Тартиби пардохти  кредит

* Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз);

**Ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти кредити асосӣ  дар мувофиқа  бо қарзгиранда. 

Муҳлати баррасии кредит

Дар давоми 4-рӯзи бонкӣ аз рӯзи пешниҳод шудани  бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби қарзгиранда

Шартҳои махсус

1.                Кредит аз тарафи бонки хизматрасон, ки дар маҳали зисти қарзгиранда воқеъ аст барасмият дароварда мешавад;

2.            Маблағи кредит аз ҷониби корманди кредитии бонк, ҳангоми пешниҳод намудани баҳисобгирии пешакӣ оиди даромадҳо ва хароҷотҳои зарурӣ аз тарафи қарзгиранда барои парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ муайян карда мешавад.


Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Агрооила» қарзгиранда бояд ҳатман  ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

         Нусхаи шиносномаи қарзгиранда ва аъзоёни оилаи вай бо нишондоди қайди ҷои зист;

         Шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи истифодабарии замин;

         Маълумотнома аз ҷои кори қарзгиранда ва аъзоёни коргари оилаи вай дар бораи даромад (агар бошад);

         Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кори қарзгиранда ва зоминони вай (шартномаи меҳнатӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз шӯъбаи кормандон);

         Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

         Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад).

Филиалҳои бонк

карта

61 филиал