Қурби асъор

2017-11-19


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.2900
    • 0.1460
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3400
    • 0.1475
  • БМТ
    • 8.8214
    • 10.4084
    • 0.1466
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8124
    • TJS

ДЕПОЗИТИ «МУФИД»


Хусусиятҳо: Имконияти зиёд намудани бақияи депозити мӯҳлатнок бо роҳи воридоти иловагӣ, капитализатсияи фоизҳо, инчунин имконияти дар ҳолатҳои зарурӣ дар як моҳ як маротиба гирифтан маблағ аз ҳисоби депозитӣ ба андозаи то 10 фоиз аз бақияи ҳисоб бе тағйир ёфтани фоизи депозит.

Тавсия мешавад: Ба шахсони воқеӣ баҳри ҷамъ ва афзун намудани воситаҳои пулӣ.

Дар ҳолатҳое, ки Амонатгузор имконияти мунтазам ворид кардани маблағҳои пулиро барои афзоиш додани бақияи ҳисоби депозитии худ дорад ва мехоҳад, ки воситаҳои пули худро ба муҳлати муайяне нигоҳ дорад, дар ин ҳолат депозити «Муфид» пешниҳод карда мешавад. Ин намуди депозит инчунин ба шахсоне тавсия мешавад, ки мехоҳанд бо роҳи аз ҳисоби музди маош гузаронидани воситаи пулӣ, то муддати расидани вақти зарурӣ ё ягон чорабинӣ ҷамъ намоянд.

 

Шартҳои асосии депозити «Муфид»

Маблағи аввалия

На камтар аз 100 воҳиди асъори ҳисоб (бо рубли ФР 1000 воҳид)

Асъори депозит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли ФР, евро

Мӯҳлати депозит

На камтар аз 1 сол

Андозаи фоиз

Мувофиқи сиёсати фоизии ҶСК «Агроинвестбонк» дар санаи барасмиятдарории шартномаи депозитӣ

Воридоти иловагӣ

На камтар аз 20 воҳиди асъори ҳисоб (бо рубли ФР 200 воҳид) барои 1 воридот ба депозит

Давраи ҳисоби фоизҳо

Ҳармоҳа

Давра ва тартиби пардохти фоизҳо

Ҳармоҳа

  • ба таври нақдӣ;
  • тавассути корти пластикӣ;
  • капитализатсия дар як моҳ як маротиба;

Шартҳои махсус

  • Имконияти капитализатсияи фоизҳои депозит;
  • Ҳангоми зарурӣ дар як моҳ як маротиба имконияти гирифтани маблағ аз хисоби депозит ба андозаи на зиёда аз 10%-и бақияи ҳисоби депозит;
  • Имконияти гирифтани корти пластикӣ.

Филиалҳои бонк

карта

61 филиал