Қурби асъор

2017-11-18


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.2900
    • 0.1460
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3400
    • 0.1475
  • БМТ
    • 8.8214
    • 10.4084
    • 0.1466
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8124
    • TJS
ДЕПОЗИТИ МӮҲЛАТНОКИ «БЕҲТАРИН»

Хусусиятҳо: Фоизҳои депозит ҳангоми кушодани ҳисоби депозитӣ ва ба он ворид намудани маблағ ҳисоб карда шуда, баъд аз тарҳи андоз ба Амонатгузор пардохт карда мешавад.

Тавсия мешавад: Ба шахсони воқеие, ки фавран гирифтани фоизҳои депозитро мехоҳанд.

Дар ҳолатҳое, ки Амонатгузор имконияти гузоштани депозитро ба мӯҳлати муайян дорад ва мехоҳад фоизҳои онро дар ҳамон лаҳза, пешакӣ дастрас намояд, дар ин ҳолат депозити мӯҳлатноки «Беҳтарин» пешниҳод карда мешавад. Андозаи фоизи депозити мазкур аз асъор вобастагӣ дорад.

Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат талаб намудани маблағи депозити мӯҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор, Бонк фоизҳои депозитро аз нав бо андозаи фоизҳои депозити бонкии «Классик» пешбинишуда ҳисоб намуда, маблағи депозитро баъд аз тарҳи он маблағе, ки Амонатгузор истифода бурдааст, бармегардонад.

Ҳамаи дигар амалиётҳои депозити «Беҳтарин» бо тартиби умуми амалӣ карда мешаванд.


Шартҳои асосии депозити «Беҳтарин»

Асъори депозит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли ФР, евро

Мӯҳлати депозит

1 - сол

Маблағи аввалия

Бо сомонӣ - на камтар аз 1 000

Бо доллари ИМА - на камтар аз 300

Бо Рубли ФР - на камтар аз 5 000

Бо Евро - на камтар аз 200

Андозаи фоиз

Бо сомонӣ - 14%

Бо доллари ИМА - 12%

Бо Рубли ФР - 9 %

Бо Евро - 6 %

Воридоти иловагӣ

Пешбинӣ нашудааст

Давраи ҳисоби фоизҳо

Ҳармоҳа

Давра ва тартиби пардохти фоизҳо

Ба таври нақдӣ дар лаҳзаи кушодани ҳисоби депозитӣ ва ба он ворид намудани маблағ;


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал