Қурби асъор

2017-11-23


  • Харид
    • 8.7900
    • 10.3200
    • 0.1495
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.3800
    • 0.1510
  • БМТ
    • 8.8186
    • 10.3663
    • 0.1485
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8186
    • TJS

Хизматрасонии фосилавии «Интернет-банкинг»-и ҶСК «Агроинвстбонк»


ҶСК «Агроинвстбонк» барои дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК «Агроинвестбонк» хизматрасонии фосилавии низоми «Интернет-банкинг»-ро пешниҳод менамояд, ки он таъминкунандаи хизматрасониҳои пурраи бонкӣ тавассути шабакаи ҷаонии Интернет буда новобаста аз мавқеъи ҷойгиршавӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

«Интернет-банкинг» - ин имконияти татбиқи амалиёт бо суратҳисобњои шахсии дар ҶСК «Агроинвестбонк» кушодашуда бе ташрифи мизоҷ ба Бонк ва ё қисматҳои амалиётии он.

«Интернет-банкинг» имконият медиҳад:

гирифтани маълумот дар бораи бақияи маблағҳои пулӣ дар суратҳисоб;

дарёфти иқтибос дар бораи гардиши маблағҳои пулӣ дар суратҳисоби бонкӣ;

анҷом додани интиқоли воситаҳои пулӣ аз як корти пардохтӣ ба дигар корти пардохтӣ, аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб (дар дохили Бонк);

мустақилона пайваст кардани корти пардохтӣ ба хизматрасонии SMS-банкинг ва ё E-mail-маълумотдиҳӣ ба мизоҷ оид ба гардиши воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби вай;

кушодани кортҳои виртуалӣ барои истифода дар интернет - мағозаҳо (харид аз мағозаҳо);

пардохти ҳаққи хизматрасониҳои пешниҳодкунандагони гуногуни маҳсулот ва хизматрасониҳо;


Бақайдгирии хизматрасонӣ:

Барои пайвастшавӣ ба ин хизматрасонӣ ба мизоҷ зарур аст, ки ба яке аз воҳиди амалиётии бонк муроҷиат намуда ариза пешниҳод намояд ва шартномаро дар бораи пайвастшавӣ ба ин намуди хизматрасонӣ ба имзо расонад (ҳангоми ба расмиятдарории хизматрасонӣ бо худ доштани шиноснома ҳатмӣ мебошад);

Дар давоми як рӯзи кории баъди пайваст шудан ба хизматрасонӣ аз шуъбаи амалиётии ариза пешниҳодкарда мизоҷ метавонад лифофаи дорои рақами мушаххаскунандаро бо рамзи махфӣ барои истифодабарӣ аз ин хизматрасонӣ дастрас намояд (ба ғайр аз минтақаҳои дурдаст);

Дар ҳолате, ки агар корти пардохтӣ дар доираи лоиҳаи музди маош дастрас шуда бошад, он гоҳ муассиса ба бонк руйхати кормандонеро, ки майли пайвастшавӣ ба ин хизматрасониро доранд ва ҳамчунин шартномаҳои имзогардидаро аз тарафи ин кормандон оиди пайвастшавӣ ба ин хизматрасонӣ пешниҳод менамояд. Бонк дар асоси мактуб кормандони муассисаро ба хизматрасонӣ пайваст мекунад ва якҷоя бо лифофаҳо нусхаи дуввуми шартномаҳоро ба шахси ваколатдори муассиса бармегардонад;

Комиссияи бонкӣ барои пайвастшавӣ, мувофиқи таррофаҳои амалкунандаи бонк, аз суратҳисоби мизоҷ ситонида мешавад;


Шартҳои молиявӣ:

-пардохти солона барои хизматрасонии «Интернет-Банкинг» -5 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

- интиқоли воситаҳои пулӣ аз як корти пардохтӣ ба дигар корти пардохтӣ ва аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб (дар дохили бонк) - 0,3% маблағро ташкил медиҳад.

- пайвастшавӣ ба хизматрасонии SMS-банкинг барои як сол – 3 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

- пардохт барои кушодани як адад корти виртуалӣ ба муҳлати 3 моҳ – 1 доллари ИМА мебошад.

- Муҳосираи корти пардохтӣ – бе пул, ройгон;

- аз муҳосира баровардани корти пардохтӣ -2,10 доллари ИМА мебошад;

- дидани маълумот дар бораи гардиши воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби бонкӣ – ройгон;


Дар ҳолати пайваст шудан ба хизматрасонии «Интернет-банкинг» - барои Шумо ба таври автоматӣ ва ройгон дастрасӣ ба хизматрасонии Мобайл-банкинг, ки хусусиятҳои он бо хизматрасонии «Интернет-Банкинг» якхела мебошанд, имконпазир мегардад.

Маълумоти зарурӣ оиди бехатарӣ:


1. Баъд аз пайвастшавӣ ба хизматрасонии «Интернет-банкинг» ва дарёфти лифофаи дорои рақами мушаххаскунанда бо рамзи махфӣ, пеш аз ворид шудан ба низом ба таври ҳатмӣ бо Қоидаҳои пешниҳод намудани хизматрасонии бонкии фосилавӣ барои дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК «Агроинвестбонк» ба воситаи низоми «Интернет-банкинг» ва Дастуруламали истифодабарандагони низоми хизматрасонии фосилавии бонкӣ «Интернет-банкинг»-и ҶСК «Агроинвестбонк», ки дар сомонаи интернетии он http://www.agroinvestbank.tj ҷойгир шудааст, шинос шавед.


2. Барои пешгирӣ аз дастрасии берухсат ба маълумот ва амалиётҳо дар низоми мазкур рақами мушаххаскунанда (идентификатор) ва рамзи махфиро ба шахсони сеюм надиҳед. Сабт намудани рақами мушаххаскунанда (идентификатор) ва рамзи махфии воридшавӣ ба ин низом дар сархати веб-браузер дар ягон ҳолат тавсия дода намешавад (барои ин бодиққат буда ҳангоми мушоҳида гаштани паёмакҳои гуногун, аз қабили пурсидани «ба таври худкор сабт намудани рамзи махфии воридшавӣ ва ба таври автоматӣ пур кардани сархатҳо» тугмачаи «Рад карда шавад»-ро интихоб намоед).



3. Рамзи махфии худро ба кормандони Бонк тавассути телефон, почтаи электронӣ ва ё дигар воситаҳо пешниҳод накунед. Истифодабарии рамзи махфӣ барои бе иштироки кормандони Бонк махсус гардонида шудааст, яъне рамзи махфӣ воситаи махсуси истифодабарии мустақилонаи мизоҷ аз хизматрасонӣ мебошад.


4. Ҳангоми кор бо низом рақами корти пардохтии худро ва ё рамзи-
CVV2 (адаи 3 рақамае, ки дар катаки имзои дорандаи корт баъд аз адади 16 рақамаи корти пардохтӣ дарҷ шудааст, мебошад). Ба он таваҷҷуҳ намоед, ки Бонк ҳеҷ гоҳ пешниҳод намудани ин маълумотро аз мизоҷ-дорандаи корти  пардохтӣ дархост намекунад.


5. Барои истифодабарии бехатари хизматрасонӣ дар Интернет-кафе, меҳмонхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин намудани махфияти маълумотҳо ҳангоми истифода аз клавиатураҳо ва наворҳои компютерҳо тавсия дода мешавад. Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки баъд аз хотима додани кор бо тартиби муқараргардида аз низом хориҷ шавед, яъне барои ин кор мебояд дар бахши Меню тугмачаи «выйти»-ро пахш намуда аз низоми мазкур бароед.


6. Дар мавриди гум шудан ва ё дастраси дигарон гардидани маълумот оиди рақами мушаххаскунанда (идентификатор) ва рамзи махфӣ ва ё дар сурати ба вуҷуд омадани шубҳаҳо дар бораи фош шудани ин маълумот барои муҳосира кардани дастрасӣ ба низом мизоҷ зарураст, ки фавран дар ин бобат ба яке аз наздиктарин воҳидҳои сохтории Бонк ва ё бо рақамҳои телефони (+992 37) 236-51-69 муроҷиат намояд. Фаъолгардонии дубораи хизматрасонӣ аз тарафи бонк, дар асоси аризаи мизоҷ ва ба ӯ супоридани лифофаи нави дорои рақами мушаххаскунанда (идентификатор) ва рамзи махфӣ амалӣ мешавад.


7. Дар мавриде, ки аз тарафи Мизоҷ рамзи махфии тағйирдодааш фаромӯш шудааст ӯро зарур аст, ки ба Хадамоти дастгирии бонк бо рақамҳои телефони (+99237) 236-51-69 муроҷиат намуда, калимаи рамзии худро, ки дар аризаи Мизоҷ ҳангоми пайвастшавӣ ба низом дарҷ гардидааст, ном гирад. Баъд аз он корманди Бонк рамзи махфии шахсан дохилкардаро бекор карда дубора рамзи махфии дарёфтшуда аз Бонкро фаъол мекунад.


8. Бонк ҳуқуқ дорад, ки дар сурати истифода накардан аз Низом дар давоми 12 моҳ дастрасии Мизоҷро ба Низом муҳосира намояд.

Филиалҳои бонк

карта

61 филиал