Қурби асъор

2018-01-19


  • Харид
    • 8.8100
    • 10.7200
    • 0.1550
  • Фуруш
    • 8.8300
    • 10.7800
    • 0.1565
  • БМТ
    • 8.8213
    • 10.8052
    • 0.1557
    • TJS
    • TJS
    • TJS

  • Барои кортҳои пардохтӣ
    • 8.8213
    • TJS
25.03.2016

Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҶСК «Агроинвестбонк»

    

     18 – уми марти соли равон дар Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» Иди байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта шуд. Дар таҷлили Наврӯзи имсола низ чун соли қаблӣ бо кӯшиши ҳамаи кормандони Бонк озмунҳо гузаронида шуд, ки он дар сатҳи баланд баргузор гардид. Барои баҳо додани маҳорату малакаи ҳунарии кормандони фаъоли сохторҳои Бонк аз ҳайати Раёсати Бонк бо сарварии Муовини якуми Раёсати Бонк - Тағоймуродов Ф. Ғ., гуруҳи ҳакамон таъсис дода шуд. Сипас қисмати тантанавии базми наврӯзӣ оғоз гардид. Сараввал Муовини якуми Раиси Бонк - Тағоймуродов Ф. Ғ. меҳмонон ва кормандони Бонкро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, аз таърихи Наврӯзи аљам ёдовар шуда, аз ҷумла қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз соҳиби мақоми байналмилалӣ гардид ва он ҳоло дар бисёр кишварҳое, ки Наврӯзро оини аҷдодии хеш меҳисобанд, ҷашн гирифта мешавад.

     Дар идомаи чорабинии идона гуруҳи кормандони лаёқати ҳунармандидоштаи Бонк бо таронаҳои наврӯзиву суруду рақсҳои гуногун ба тантанаи наврӯзӣ ҳусну шукуҳи хоса зам намуда, аз ҷониби ҳакамон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин озмуни филиалҳои беҳтарин ва мутахассисони беҳтарини Бонк дар соли 2015 ҷамъбаст карда шуд ва ғолибони озмун (миёни филиалҳо) бо мукофоту ифтихорномаҳо ва мутахассисон бо туҳфаҳои хотиравию ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

     Бояд қайд кард, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Бонк дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ҷолибу хотирмон доир гашт. Дар хотима фаъолони тантанаи наврӯзӣ бо ифтихорномаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» сарфароз гардонида шуданд.


Маркази матбуот


Возврат к списку


Филиалҳои бонк

карта

61 филиал